БАРОИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТИ КӮҲСОР — ТОҶИКИСТОН РУШДИ АВИАТСИЯ МУҲИМ АСТ. Дар ин маврид бо суръати баланд кашонидани бору расонидани мусофир таъмин мегардад

Сентябрь 3, 2024 10:41

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи гражданӣ эълон гардидааст. Ба ин муносибат  ходими калони илмии шуъбаи  таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Юсуф Раҳмон оид ба таърих, аҳамият  ва рушди авиатситяи граждании тоҷик андешаҳояшро иброз доштаааст. Номбурда дар ин хусус чунин ибрози назар кардааст:

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба сифати яке аз таҳдидҳои асосӣ дар роҳи рушди мамлакат чунин омадааст: «Дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ба рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо мушкилӣ пеш меорад ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд мекунад. Ҳоло зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозаргонии талаботи пардохтпазир ба миён меояд». Бартараф намудани ин таҳдид ба назари мутахассисон, барои мамлакати кӯҳӣ зарурати таъмини рушди ҳавонавардиро тақозо менамояд.

Ҳамин тарик, мудирияти комплекси авиатсионии Тоҷикистони муосир мутобиқ ба тамоюли ҷаҳонӣ рушд меёбад. Бояд гуфт, ки таърихи таъсиси ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз соли 1930 оғоз шуда, моҳи майи ҳамон сол ду ҳавопаймои Ю-13 бо экипаж ба базаи доимӣ ба Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳамин тариқ, ин ҳавопаймоҳо аз шаҳри Сталинобод ба шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Ғарм, Данғара ва Панҷ парвозҳои доимӣ ба ҷо меоварданд.

Тадриҷан идоракунӣ ё комплекси авиатсионӣ бо суръати баланди кашонидани мусофиру бор аз дигар намудҳои нақлиёти ҷумҳурӣ фарқ мекард.

Соли 2004 ширкати давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» ва соли 2006 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» табдил дода шуда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии «Тоҷик Эйр» ба 5 корхонаи мустақил-Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Аэронавигатсияи Тоҷикистон» тақсимбандӣ шуд ва корхонаҳо ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҳамин тавр, идораи ҳавонавардии Тоҷикистон дар ихтиёри худ қариб 9480 километр роҳҳои авиатсионӣ дошта, то соли 2008 дар ҷумҳурӣ 16 фурудгоҳ мавҷуд буд, ки фақат 4-тои он ба фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 12 адад ба фурудгоҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дохил мешуд. Афзоиши шумораи парвозҳо дар як шабонарӯз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон фақат дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд мушоҳида мешуд.

Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт якчанд корҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба таври зарурӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд.

Раёсати авиатсияи граждании назди Вазорати нақлиёт бо роҳи муттаҳид кардани ин ду шуъба сохторҳои нав таҳия намуда, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Тоҷикистон соли 2008 ташкил ёфт. Он яке аз нахустин ширкати ҳавопаймоии миллӣ аст, ки мусофиркашонӣ, боркашонӣ ва кашондани почтаро амалӣ мегардонад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун маркази таълимии авиатсионӣ таъсис дод. Ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, ҳамроҳ гардид.

22 майи соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Тбилисӣ шуруъ намуда, тибқи сиёсати стратегӣ ҳудуди ҷуғрофии парвозҳоро батадриҷ васеъ гардонида, ба самтҳои гуногуни Русия, Олмон, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути тайёраҳои нави ҳавопаймоии навъи «Боинг 737-800» ва «Боинг 737-900» парвозҳои мунтазамро амалӣ мегардонад.

Бояд гуфт, ки мувофиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба чанд зерсоҳа ва ё ширкатҳои мустақил тақсим шуда, фаъолият пеш мебарад.

Фурудгоҳҳои байналмилалӣ инчунин дар пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон нақши муҳим мебозанд. Фаъолияти фурудгоҳҳо мебоист дар ду ҷабҳаи баҳодиҳӣ, яъне ҳамлу нақли мусофирон ва кашонидани борҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Натиҷаҳои таҳлили маълумоти оморӣ, ки дар ҳисоботи даврии Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, тамоюли дигари ҳаракати борҳоро нишон медиҳанд. Тамоюли умумии ҳамлу нақли бор ба воситаи фурудгоҳҳои байналмиллалии Тоҷикистон хусусияти хосро доро аст.

Дар айни замон баҳодиҳии ҳолати рушди бозори миллии хизматрасонии ҳавопаймоӣ зарурати таҳқиқи амиқи ҳиссаи ширкатҳои миллии ҳавопаймоиро дар интиқоли мусофирон талаб менамояд. Мувофиқи маълумоти таҳлилӣ, дар асоси ҳисоботи даврии Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таҳлилӣ шумораи мусофирони кашонида аз тарафи ширкатҳои миллӣ тадриҷан паст шуд.

Аҳамияти иқтисодии низоми нақлиёт дар ҳаёти ҷомеа таъмини рушд, робита ва ҳамоҳангсозии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт буда, рушди нақлиёт яке аз вазифаҳои асосии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайянгардида мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 чунин омадааст:  «Тибқи ҳадафҳои стратегии мо, яъне Тоҷикистон, ки ба се қисм тақсим шуда буд, ба қаламрави ягона табдил ёфт ва тавассути долонҳои нақлиётӣ пайвастани онро ба    мамлакатҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои дуру наздик таъмин намуд. Дар айни замон дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки ба табдил додани Тоҷикистон ба ҷумҳурии дорои шароити муосири транзитӣ мусоидат мекунад».

Мавқеи стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ маънои онро дорад, ки ҷумҳурӣ имконияти ташкили маркази логистикии авиатсиониро барои ҳамлу нақли мусофирон ва ҳам боркашонӣ дошта, он аз нуқтаи назари низоми нақлиёти миллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун заминаи рушди иқтидори иқтисодӣ баромад менамояд.

Барои таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» якчанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харид шуда, ба ислоҳсозӣ фаро гирифта шуданд ва дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд. Ин ба таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бо мақсади ба роҳ мондани хати нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо ҳайати кории марбути Чин дар Пекин баргузор шуд. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба нақши Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ёдовар шуда, таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҷалб намуд. Ширкат тасмим гирифтааст, ки хизматрасониро беҳтар ба роҳ монда, теъдоди хатсайрҳоро афзоиш диҳад.

Дар даврони 33 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ фазои мудирияти комплекси авиатсиониии мамлакат хеле рушд намуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шуд. Сохтор ва мудирияти комплекси авиатсионии мамлакат дар таҳқиқоти илмии коршиносони Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хеле хуб оварда шуда, ҷонибҳои гуногуни он ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар ин замина тавсия ва корҳои зерин: беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо бо нархномаҳои дастрас барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз ҷониби фурудгоҳ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», таъмини сӯзишвории ҳавопаймоҳо аз ҷониби фурудгоҳҳо, зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ, ташкил намудани маркази хизматрасонии мусофирбарӣ, ки вазифаҳои азнавтақсимкунии ҷараёни мусофиронро байни намудҳои нақлиёт ва самтҳои ҳаракат таъмин менамояд ва фароҳам овардани шароити мусоиди рақобатпазири солим барои ширкатҳои ватанӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифатнокии мудирияти идораи ҳавонавардии мамлакат кумак намуда, сифати хизматрасониро боло мебарад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 3, 2024 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 16 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст
КУНҶИТ. Дар Тоҷикистон кишти ин навъи зироати равғандеҳ зиёд гардидааст
ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ СОҲАИ ҲАВОНАВАРДИИ ТОҶИКИСТОН РУШД ЁФТ. Ба Рӯзи авиатсияи тоҷик бахшида мешавад
То соли 2026 дар Тоҷикистон шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳибкасб гардонида мешаванд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ БЕНАЗИР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат ба коррупсия ҳамоиш доир шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид
Аъзои хоҷагии деҳқонии «Мирраҳмат» имсол аз кишти пахта ҳосили хуб ба даст меоранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитетро дорад
ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино
Дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд