Иҷрои дурнамои кишти зироат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварат баргузор шуд. Дар он иҷрои дурнамои кишти зироат барои соли 2026, махсусан картошка ва пахта аз масъалаҳои мубрам буд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, дар машварат вазъи соҳа, аз ҷумла истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентию наздиҳавлигӣ, ҷараёни шудгори майдонҳо, кишти зироати тирамоҳӣ, омодагӣ ба мавсими яхобомонӣ, ба кишт фаро гирифтани заминҳои холимонда, барқароркунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва дигар масъалаҳои соҳа таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни машварат муваззаф шуданд, ки барои то кишоварз дастрас намудани тухми картошка ва чигит, аз ҳоло омода намудани техникаҳои кишоварзӣ барои мавсими кишти баҳорӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, васеъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид