Дар Боку Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Боку 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон, корпуси дипломатии муқими Озарбойҷон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳли илму ҳунар, адаб ва доираи соҳибкорони кишвари иқомат, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон оид ба рушди мамлакат ва дастовардҳои он дар давраи Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, нақши асосӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди тақдирсози давлатдории тоҷикон таъкид намуд.
Инчунин густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушди бемайлони равобити дӯстона ва ҳамкории судманди мамлакатамон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид гардид.
Дар ҳошияи ҷашни Истиқлоли давлатӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусаввараҳои рассомон ва намунаҳои эҷодиёти ҳунармандии мардумӣ, либосҳои миллии тоҷик, таомҳо, меваҳои хушк ва тару тозаи ватанӣ, инчунин имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон

















Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






