Дар деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 08.09.2024./АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 100 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Набудани муассисаи таълимӣ ва дур будани муассисаҳои таълимии дигар барои ин деҳаи навбунёд яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Махсусан дар фасли тирамоҳу зимистон рафтуомади хонандагон ба дигар муассисаҳои таълимӣ мушкил буд. Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии ин муассисаи таълимӣ барои 500 хонанда сохта шуда, бо таҷҳизоту аёнияти дарсӣ ва мизу курсӣ таъмин карда шуд.
Имрӯзҳо бо иштироки меҳмонон ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат идома дорад. Ҳамчунин пайваста барномаҳои фарҳангӣ, дидорбинии беморону собиқадорон ва кушодани дастурхони идона дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр доир мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






