Дар деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бинои Маркази саломатии деҳаи Себзор аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 ҳуҷра аст. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва саҳми сокинону саховатмандони деҳа бо маблағи 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бинои Маркази саломатӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст.
Кормандони соҳаи тиб минбаъд ба сокинони деҳаи Себзор дар шароити хубу мусоид хизмат мерасонанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






