Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» беш аз 60 деҳаи дурдасти Бадахшон бо барқ таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилоят бо барқ таъмин мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Қисмати бештари ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Корҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» 13 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то моҳи декабри соли 2025 пурра бояд ба анҷом расанд.
Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳалаи якуми он соли 2021 ба итмом расид. Дар марҳилаи якум 27 деҳаи бе барқ ва 1114 муштарӣ тавассути кашидани хатҳои интиқол ва тақсими неруи барқи 10 ва 0,4кВ бо насби зеристгоҳҳои трансформатории хурд ва гузарондани ноқилҳои дарунӣ ба неруи барқ пайваст гардиданд.
Дар марҳилаи дуюм, ки соли 2021 оғоз ёфт, сохтмони шабакаҳои хурди автономӣ бо истифодаи панелҳои офтобӣ дар якҷоягӣ бо низоми батареявӣ ва неругоҳи бодӣ дар назар аст. Дар ин марҳила 1928 сокини деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа бо неруи барқ таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳа, ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ин давра сохтмони 13 неругоҳи барқи обӣ, 30 неругоҳи офтобиро бо низоми батареяҳо ва неругоҳи барқии бодии 200кВт ба нақша гирифтааст, ки иқтидори умумии онҳо 14 мВт-ро ташкил хоҳад дод. Ширкати «Помир Энерҷӣ» ният дорад, ки то охири соли 2024 боз 7 неругоҳи барқи офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта, ба истифода диҳад.
Ноҳияи Мурғоб минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи 150-200 км ҷойгир мебошанд. Аз ин рӯ, сохтмони иншооти барқӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои барқӣ ба ин деҳаҳо хароҷоти калон талаб мекунад.
Соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мурғоб Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» баъди навсозӣ ва таҷдид ба истифода дода шуд, ки он маркази ноҳия ва деҳоти атрофро бо барқ таъмин намуд. Вале деҳоти дурдаст, ҳатто наздиктарин нуқтаи аҳолинишин ба маркази ноҳия – деҳаи Мамадзоир ҳанӯз ба барқ дастрасӣ надошт. Аз ин рӯ, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ширкати «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтанд, ки дар минтақаҳои дурдаст барқкунонии алтернативӣ, яъне ба тариқи энергияи барқии офтобӣ ва бодӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон дод, ки бунёд ва истифодаи ин навъи истгоҳҳои барқӣ дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ, ки ба неруи об камтар дастрасӣ дошта, маҳалҳои зисташон аз ҳамдигар дар масофаҳои дур воқеъ ҳастанд, фоидаовартар мебошад. Марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа то соли 2025 идома ёфта, тавоноии истгоҳҳои барқии офтобӣ дар ин давра аз 33 кВт-и соли 2021 то анҷоми татбиқи барнома ба 2600 кВт мерасад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






