Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар майдони шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоиш ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баргузории барнома барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амалишавии ҳадафҳои стратегии соҳа, огоҳонидани доираҳои васеи ҷомеа вобаста ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёти миллӣ ва саҳми сокинони мамлакат дар раванди рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва қадрдонӣ намудани саҳми барҷастаи шахсони алоҳида, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи ҷашну анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва тақвияти ҳамкории субъектҳои соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон намудааст, ки дар ин рӯз ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.
Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун дар ҳар номинатсия 3 ҷой муайян карда шудааст, ки ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо Сипоснома қадрдонӣ мегарданд.
Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, рӯзноманигорон, коршиносон, инчунин нафароне, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро то 10 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд






