Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» соли шашум аст, ки дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии озмун муаррифии дастовардҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он мебошад.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе аз рӯи се номинатсия ҷамъбаст гардид.
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар номинатсияи «Қаннодӣ» Корхонаи қаннодии «Амирӣ» сазовори Диплом ва ҷойи якум, Фабрикаи қаннодии «Ширин» сазовори Диплом ва ҷойи дуюм ва ҶДММ «Муъҷиза» сазовори Диплом ва ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Ҳалвопазӣ» ҳалвопазони шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат, дар номинатсияи «Шириниҳои миллӣ ва муосир» қаннодон аз Суғд, Бадахшон ва Хатлон ҷойҳои ифтихориро касб намуданд. Инчунин тамоми иштирокдорони озмун барои иштироки фаъолона, саҳми муносиб гузоштан дар рушди ҳунарҳои қаннодӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» таъкид гардид, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ бо зарфияти хос, бахусус усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон назир надорад.
Тавре мутахассиси Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Парвиз Раҳимзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, “ҳоло дар Тоҷикистон 135 корхонаи қаннодӣ фаъолият дошта, инчунин дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсол ва омода намудани маҳсулоти қаннодӣ машғул мебошанд. Танҳо дар ҳашт моҳи соли равон корхонаҳои қаннодии Тоҷикистон дар маҷмуъ 21,6 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 30 фоиз зиёд мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои қаннодии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир буда, он ба Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ҳам содирот карда мешавад. Хусусан маҳсулоти қаннодии мева дар шоколад, ки дар корхонаҳои қаннодии «Амирӣ» ва «Ширин» истеҳсол мегарданд, дар хориҷа муштариёни зиёд доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






