Дар Душанбе Мактаби илмӣ-омӯзишӣ оид ба ҳамкории мутақобили системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои ИДМ оғоз шуд

Сентябрь 5, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 10 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Ҳамкории мутақобили системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, 4 сентябр дар доираи Мактаби илмӣ-омӯзишӣ вохӯрии масъулин бо иштирокчиён доир гардид. Иброз гардид, ки чунин ташаббусҳо ба рушду тавсеаи муносибатҳо заминаи хуб гузошта, ба табодули афкор, шиносоӣ бо фарҳангу маданият ва сатҳи донишандӯзии якдигар мусоидат мекунанд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар вохӯрӣ изҳор дошт, ки дар марҳилаи муосири тараққиёти мамлакатҳои ҷаҳон салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ буда, таъмини соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шудааст. Маҳз ҳамин зинаҳои таҳсил метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакатҳо саҳми босазо гузоранд.

«Баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самарабахшии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хусусияти муттасилӣ ва навоваронаи он боиси афзоиши фаъолияти иҷтимоию касбии ҷавонон ва фаъолнокии онҳо гардида, ҷалби онҳо ба шаклҳои гуногуни омодагии касбӣ, низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  ба болоравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандони он мусоидат мекунад, зеро рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсолӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ вобаста аст», —  афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Барои иштирок ва суханронӣ дар Мактаби илмӣ-омӯзишӣ  коршиносони хориҷии соҳа дар ҳайати умумии 25 нафар аз мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон даъват гардидаанд.

Тибқи барномаи чорабинӣ, дар доираи ин ташаббус ба ғайр аз суханрониҳои илмӣ инчунин ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихии мамлакат дар назар дошта шудааст. Ин иқдом ба муаррифии бештари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Ҳадаф аз баргузории мактаб- табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид