Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар намоишгоҳ иштирокчиён имкон доранд беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонии сайёҳиро аз экотуризм то хатсайрҳои фарҳангӣ муаррифӣ намуда, ба маъруфияти Тоҷикистон ҳамчун маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.

Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи намошгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад.

Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид