Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид

Сентябрь 20, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории савдо ва аккредитив дар мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо Директори асосии амалиётии Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории савдо Назим Нурдалӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон кушодани равзанаи бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар ин самт, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва дигар намуди амалиёти молиявиро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи имконияти мавҷуда ҳамкориро дар оянда густариш диҳанд.

АКС: «Амонатбонк»

Сентябрь 20, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд