Дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ ҳавзҳои обсофкунӣ сохта шуданд

Сентябрь 16, 2024 10:41

ХОРУҒ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар маҳаллаи Шарифобод хати нави ташноб ва ҳавзи обсофкунӣ бунёд карданд.

Дар ин маҳалла 70 хонавода зиндагӣ мекунанд, ки дар охири солҳои 80-ум аз ҷойҳои зери хатари селу тарма ба ин  макон кӯчонида шуданд. Онҳо давоми ин  солҳо аз хати ташноб ва ҳавзи обсофкунӣ маҳрум буданд. Акнун дар доираи лоиҳаи устуворгардонии инфрасохтори шаҳр сокинон соҳиби чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ гардиданд.

Яке аз масъулини лоиҳа Саидазиз Шоламов ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки  «дар ҳавзҳои обсофкунӣ  технологияи муосир насбу васл шудааст ва дастгоҳҳои обпарто муҳаррикҳои пуриқтидор доранд, ки ба таври автоматикӣ кор мекунанд. Стансияи насосҳои ташноб аз зарфи кабули оби партови маишӣ ва платформаи идоракунии  тамғаи Вило иборат аст, ки ҳаҷми қабули оби партови зарф 3,43 метри мукааб буда, баробар ба панҷ дақиқаи корӣ аст».

Муовини Раиси шаҳри Хоруғ Файзулло Қодиров зимни суҳбат бо сокинони ин маҳалла гуфт, ки «барои ба муддати дароз фаъолият намудани хати ташноб ва ҳавзҳои обсофкунӣ сокинон бояд саҳм  гузоранд. Иншоотро хуб нигоҳубин кунанд ва дар ҳоли хароб шудани қисмҳои техникӣ зуд ба масъулини соҳа муроҷиат намоянд, то чанд насли оянда бе мушкилӣ аз ин иншоот баҳра баранд».

Дар доираи лоиҳаи устуворгардонии инфрасохтори шаҳр васлу насби ин технологияи муосир дар назар дошта шудааст. Зеро дар марҳилаи нави созандагӣ дар шаҳри Хоруғ сохтмони даҳҳо биноҳои баландошёна, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ  идома дорад, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон то ба истифода додани иншооти ҷашнӣ таъмиру навсозии хатҳои обу ташноб ва ҳавзҳои обсофкунӣ идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2024 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд