Дар ноҳияи Айнӣ Маркази савдои «Муҳаббат» ба фаъолият шуруъ намуд

Сентябрь 14, 2024 09:22

ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки «Зарафшон-1»-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ Маркази савдои «Муҳаббат» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Маркази савдои «Муҳаббат» дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чанок аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Матлабҷон Норов бунёд гардида, дар ошёнаи якуми бино мағозаҳои фурӯши маводи ғизоӣ, ашёи рӯзгор, гӯшаи деҳқон ва дар ошёнаи дуюми бино ошхонаи «Шоми Сарвода», мағозаи фурӯши либосҳои мардонаю занона ва кӯдакона ҷойгир карда шудааст.

Дар Маркази савдо зиёда аз 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Маркази савдои «Муҳаббат» бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд шуда, ба маркази Ҷамоати шаҳраки Зарафшон зебоии дигар зам намудааст. Ин нишона аз татбиқи амалии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 14, 2024 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд