Дар ноҳияи Панҷ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд

Сентябрь 9, 2024 14:55

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ такъид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил,  рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Панҷ якчанд иншоот, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 150 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва зеристгоҳи барқӣ итфитоҳ гардид.

Ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, ба ятимони кулл, маъюбон ва камбизоатон кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Дар доираи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ ба як қатор кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд