Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва омодагӣ ба иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки баргузории он даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2024 дар Остона дар назар аст, муҳокима гардиданд.
Дар рафти ҷаласа табодули афкор атрофи Барномаи мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки баимзорасонии он дар рафти саммити дарпешистода дар назар аст, доир гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






