Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид

Сентябрь 10, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр таҳти ҳамраисии Намояндагии доимии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Миср дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об таҳти мавзуи «Об дар Саммити оянда, COP29 ва берун аз он» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат оид ба аҳамияти фаъолияти гурӯҳ, пешбурд ва инъикоси мавзуи об дар платформаҳои байналмилалӣ, ба мисли Саммити оянда, Саммити Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба раванди конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2026 ва 2028 ҷалб кард.

Сипас, Намояндаи доимии Аморати Муттаҳиддаи Арабӣ оид ба қатъномаи қабулшудаи Маҷмаи Умумӣ «Ҷузъиёти Конфронси оби СММ 2026», намояндаи доимии Озарбойҷон оид ба раванди омодагӣ ба COP29 ва намояндаи доимии Нидерландия оид ба Эъломия оид ба наслҳои оянда маълумоти муфассал ироа намуданд.

Дар фарҷом иштирокчиёни нишаст оид ба пайгирии раванди татбиқи Рӯзномаи амали об, санадҳои ниҳоии Саммити оянда, Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (солҳои 2026 ва 2028), Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт, бахусус таъйин намудани Намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об табодули афкор намуда, баргузории чорабиниҳои марбутаро дар доираи гурӯҳ дастгирӣ карданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Сентябрь 10, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид