Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид

Сентябрь 25, 2024 10:14

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони Донишгоҳи технологии Окленд ва Институти нишондиҳанда ва арзёбии саломатӣ дар назди Донишгоҳи Вашингтон афзоиши ҳодисаҳои сактаи мағзӣ (инсулт)-ро дар саросари ҷаҳон ошкор намуданд. Таҳқиқот дар маҷаллаи «The Lancet Neurology» нашр шудааст.

Тавре АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад, аз соли 1990 то соли 2021 теъдоди нафароне, ки гирифтори сактаи мағзӣ шудаанд, 70 фоиз афзуда, шумораи оқибатҳои марговаре, ки бо инсулт алоқаманд буданд, 44 дарсад зиёд шудааст. Соли 2021 инсулт пас аз бемории ишемияи дил ва COVID-19 бинобар сабаби фавтнокӣ дар ҷаҳон дар ҷои сеюм қарор гирифт. Омили муҳиме, ки ба афзоиши фишори инсулт мусоидат мекунад, пиршавии аҳолӣ ва афзоиши таъсири омилҳои пешгирикунандаи хавф мебошад.

Барои таҳлил маълумоти Таҳқиқоти глобалии сарбории бемориҳо, ки солҳои 1990-2021-ро фаро мегирад, истифода гардид. Муҳаққиқон таъсири чунин омилҳои хавф, ба монанди индекси баланди массаи бадан, фишори хун, сатҳи қанди хун ва таъсири ифлосшавии ҳаворо арзёбӣ кардаанд. Сатҳи меъёрбандишудаи синнусолии нишондиҳандаҳои беморшавӣ ва фавтнокӣ инчунин фарқияти минтақавиро ошкор намуд: меъёри баланди инсулт дар кишварҳои дорои сатҳи даромади паст ва миёна ба таври назаррас баландтар аст.

Тибқи натиҷаҳо, дар кишварҳои камдаромади минтақаҳои Африқо ва Осиё сатҳи беморшавӣ ва фавт нисбат ба кишварҳои сарватманд 2-10 маротиба зиёдтар аст. Фарбеҳӣ, фишорбаландӣ ва ифлосшавии ҳаво омилҳои асосии мусоидаткунанда ба афзоиши сарбории инсулт дар байни аҳолии ҷавон гардидаанд.

Таҳқиқот инчунин таъсири назарраси омилҳои муҳити зист, аз ҷумла таъсири ҳарорати баланд ва ифлосшавии зарраҳои хурди ҳаворо нишон дод. Ин омилҳои хавф махсусан дар кишварҳои камдаромад ба таври ошкоро муайян гардида, зарурати андешидани тадбирҳоро барои беҳтар кардани сифати муҳити зист ва пешгирии бемориҳои метаболикӣ таъкид мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 25, 2024 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад