СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд сохтмони корхонаҳои саноатӣ афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лӯлаи резинии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдуллоев Саидбой» дар шаҳри Гулистон, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд карда шудааст, дар як моҳ то 300 ҳазор метр ноқил истеҳсол карда мешавад. Дар ин коргоҳ истеҳсоли то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавоноии аз 450 волт то 1 киловолт ба роҳ монда шуда, ин ноқилҳо ба гузаронидани хати барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар «Корхонаи металлургии тоҷик», ки дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шудааст, маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура истеҳсол мешавад.
Хатҳои истеҳсолии корхона аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани «Корхонаи металлургии тоҷик» дар шаҳри Гулистон 130 сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор таъмин гардиданд.
Ин корхона 12 намуд маҳсулоти металлӣ истеҳсол мекунад. Пештар оҳанпора ба берун бурда мешуд, холо он дар корхона коркард мешавад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Доруи Суғд» ҳамарӯза раванди истеҳсол ва банду басти маводи доруворӣ тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ идома дорад.
Маводи доруворӣ дар корхонаи нави саноатӣ бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол карда мешавад. 30 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла ғилофак ва доруҳои шаклу ҳаҷми гуногун, гранулаҳо барои суспензия, шарбат, маҳлулҳо барои истифодаи беруна, малҳами табобатию ороишӣ ва дигар маводи дорувории ивазкунандаи воридот истеҳсол мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарф маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ташкил менамояд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаҳо 7 сентябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд






