Дар Теҳрон фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати «Фароб» Муҳаммад Ҳайдарӣ дар Теҳрон баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба фаъолияти боэътимоди неругоҳ бо назардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад.
Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -2» дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд гардидааст. Сохтмони ин иншооти муҳими энергетикӣ соли 2006 оғоз гардида, соли 2011 агрегати якуми он ва соли 2014 иншоот пурра ба истифода дода шуд.
Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар дарёи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон бунёд гардида, иқтидори миёнаи солонаи он истеҳсоли 932 миллион кВт-соат неруи барқ мебошад.
Баландии обанбори неругоҳ 34 метрро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






