Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 286 иншооти гуногун бунёд ва навсозӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Норак хабар доданд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 197 биною иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 9 бинои таълимӣ, 6 бинои табобатӣ, 5 адад варзишӣ, 2 адад фарҳангӣ, 20 адад саноатӣ ва 147 бинои хизматрасонӣ, маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ба нақша гирифта шудааст.
То ин давра аз иншооти нақшавӣ 82 адад (41,6%) сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар 82 иншооти баистифодадода 246 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи имсол зимни сафар ба шаҳри Норак якчанд иншооти соҳаҳои гуногунро мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ба кор андохтани чархаи чоруми Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаи истеҳсоли равған дар заводи таҷрибавӣ-механикӣ бо муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, таҷдиду таъмири бинои асосӣ ва навсозии биноҳои ёрирасони беморхонаи марказии шаҳри Норак, бунёди роҳҳо ва дигар иншоот, ки нишонаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба шаҳри Норак ва сокинони он мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






