ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 то 130,8 миллиард сомонӣ зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани мамлакат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид», — чунин изҳор дошт Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд, бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ё 73 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 ё 45 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 то 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ё 112 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, 3648 муассисаи нави таълимӣ ва 2958 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарият ба як зумра кормандони вазорат, муассисаҳои зертобеъ ва раёсатҳои иқтисоди шаҳру ноҳияҳо барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон Ифтихорнома тақдим гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






