РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Занони чирадасти тоҷик ба ҷавондухтарон ҳунарҳои миллӣ меомӯзонанд

Сентябрь 22, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар саросари мамлакат бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал», «Хона ба хона» ва таҳти унвонҳои «Зан-мазҳари зебоӣ», «Тоҷикона мепӯшем» ва «Корвони модарон» суҳбату вохӯрӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ идома доранд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, тарзи тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва ба онҳо омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст.

Мақсад аз гузаронидани усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» — ин пеш аз ҳама, рушди маҳал, гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаву хиёбонҳои маҳалла, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад.

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва бахшу шуъбаҳои он дар маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои маърифатӣ доир гардиданд. Дар онҳо занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб менамоянд.

Дар маҳаллаи Лучоби болои ноҳияи Сино бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳал ба маҳал» барномаи маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он занони ҳунарманди ноҳия ҳунарҳои дастӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои миллии халқи тоҷикро ба намоиш гузоштанд.

Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд. Ҳунарҳои мардумӣ барои наслҳо сарчашмаи зебоӣ, рамзи таърихӣ, ифтихор ва ҳувият буда, мероси ғанӣ ва анъанаҳои ҷомеаро ташаккул медиҳанд.

Дар ин рӯз ба ҷавондухтарони фаъоли ноҳия, ки пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ ҳунари худро пешкаш менамоянд, «Сипоснома» тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.

Намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ бо мақсади пешгирии либоспӯшии бегона дар байни занон, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ва риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста суҳбату вохӯрӣ мегузаронанд.

Дар деҳаи Шафақи деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ низ бо усули «Деҳа ба деҳа» бо занон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки сару либоси миллӣ ҷузъе аз фарҳанги тоҷикон ба шумор рафта, аз аҷдодон ёдгор мондааст. Агарчӣ давоми солҳо шаклашро каме тағйир додааст, вале шинаму зебанда буданашро гум накардааст.

«Мутаассифона, имрӯз бархе занону духтарон мавқеи либоси миллиро коста гардонида, ба фарҳанги бегона рӯ овардаанд. Аксари чорабиниҳое, ки мо дар ноҳия бо иштироки занону духтарон мегузаронем, мақсади он ҳифз намудани фарҳангӣ миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад»,-иброз дошт мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Моҳира Исмонова.

Дар деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аз ҷониби масъулини ҷамоат, Шурои занони деҳа ва фаъолзанону ҷавондухтарон чорабинӣ доир шуд. Зимни он кадбонуҳо ва ҳунармандони чирадасти деҳа ба ҷавондухтарон тарзи омода намудани афшураву хӯришҳо барои зимистон, пухтани нону кулча ва омода намудани хӯрокҳои миллиро нишон доданд.

«Ҳангоме ки занони ҳунарманди шаҳри Ҳисор ба ҷавондухтарон дар танӯр нон пухтанро меомӯзониданд, мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари онҳо дар дил тарс дошта, аз оташи танӯр меҳаросидаанд. Тарзи дуруст пухтани нон ба онҳо фаҳмонида шуд»,-гуфт мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Зулфия Васихова.

Иброз шуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе ҷавондухтарони деҳа ҷамъ гардида, занони чирадаст ба онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чодардӯзӣ, шероздӯзӣ, пахтазанӣ ва кӯрпачадӯзиро меомӯзонанд.

Инчунин дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш сол мешавад, ки иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида мешавад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат баргузории ин иқдом идома дорад.

Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ нишони эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанги хеш мебошад. Давлатҳое ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастему нақшу нигори миллӣ ва тахайюли созандаю рангинамон дар либоси мо инъикос ёфтааст. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам нанг аст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
27-28 сентябр дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел дар назар аст
«Дар Тоҷикистон танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
Олимон бо таҳқиқи зери пиряхи Туэйтс хавфи эҳтимолиро барои сайёра ошкор намуданд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад
Дар шаҳри Копенгаген бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дорусоз симпозиум доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси илмию амалӣ доир гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДОРУСОЗ. Дар Тоҷикистон 64 корхонаи дорусозӣ фаъолият мекунад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Васиятномаро кӣ ва чӣ гуна метавонад таҳия намояд?
Дар Душанбе Анҷумани 2-юми осебшиносон баргузор гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи меъморӣ вобаста ба моҳияти муқаррароти Кодекси андоз машварат доир гардид