ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад

Сентябрь 1, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли нави таҳсил оғоз меёбад. Соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар соли хониши 2024-2025 дар Тоҷикистон тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба ба мактаб қадам мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.

Бояд иброз намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар мақоми аввал гузошта шудааст. Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд мешавад, ки ин ба рушди соҳа таъсири мусбат мегузорад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар гардида, мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат 1 сентябри соли 2023 дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бо ин мақсад дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад. Бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд. Инчунин то охири сол дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор мегирад.

Имсол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3991 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ин шумора 419 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ, 287 адад ибтидоӣ, 3088 адад миёна, 34 адад мактаб-интернат, 79 адад гимназия ва 84 адад литсей мебошанд.

Дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2019-2020 ба 2 миллиону 33 ҳазору 900 нафар расид. Дар соли таҳсили 2023-2024 ин шумора ба 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар баробар гардид, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 954 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Рӯзи дониш маҳсуб мешавад. Имсол низ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои мамлакат табрикот ва паёми Пешвои миллатро мунтазир мешаванд, то суханони ибратомӯзи Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯза қарор диҳанд.

Имрӯз барои насли навраси Тоҷикистон дар омӯзиши дониш ин мисраҳои сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бояд шиор гардад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст
БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд
Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 377 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд
ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
Саида Ғаффорова: «Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Сарвари давлат мо, омӯзгоронро рӯҳбаланд ва ба касбамон дилгарм месозад»
ДАР РАҲИ МАЪНӢ РАФИҚЕ БЕҲТАР АЗ УСТОД НЕСТ. Эҳдо ба Рӯзи омӯзгорон
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши идона доир шуд
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 142 нафар мураббиён ва омӯзгорони пойтахт мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода шуд