«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баргузории санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ва омода намудани либосу реквизитҳо гурӯҳи эҷодии «Узбекфилм» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм хабар» доданд
Гурӯҳи корӣ санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро 10 сентябр дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оғоз намуд, ки то 13 сентябр идома меёбад.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо сохтани ороишу саҳна ва пешниҳоду тасдиқи лоиҳаи ангоравии либосҳо дар назар аст.
Давраи наворбардории филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» соли 2024 оғоз гардида, соли 2025 идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба навор гирифта мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






