Эмомалӣ Раҳмон: «Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат омили муҳими ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат аст»
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ омили муҳими ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод.
Сарвари давлат баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорону сокинони ноҳия аз ҷониби ташкилоти қарзӣ 171 миллион сомонӣ дода шудааст, ки 165 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд. Ҳаҷми қарзи додашуда танҳо дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 43 фоиз зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, ба таъкиди Пешвои миллат, Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо ташкилоти қарзӣ барои таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 5 корхонаи дар шашмоҳаи якуми имсол таъсисшуда ба қайд гирифта шудааст, ки бо чунин нишондиҳандаҳо расидан ба ҳадафи саноатикунонӣ мушкил аст.
Дар ноҳия сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар шашмоҳаи якуми имсол ҳамагӣ 5,6 фоизро ташкил додааст, ки ба назари Сарвари давлат, ин тамоман қонеъкунанда нест.
Ҳамчунин имконоти ноҳия дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми саноатӣ пурра истифода нашудаанд. Дар робита ба ин роҳбарону масъулони ноҳия муваззаф шудаанд, ки барои таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нав ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.








Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд






