«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Суғд даври вилоятии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад.
Баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибе аст, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад.
Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.
Имсол 1266 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки аз он 1054 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 181 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 31 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмунро доварӣ ва беҳтаринҳоро интихобу ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






