Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 21, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 21, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад

Маводҳои таҳлилӣ