ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст

Сентябрь 3, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29- солагии таъсиси Гвардияи миллӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Шуруъ аз соли 2010   дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3 сентябр Рӯзи Гвардияи миллӣ муқаррар шудааст. Ин сохтор воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва  тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Тавре дар Гвардияи миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат афсарону сарбозони гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати шахсии гвардия аз рӯзҳои аввал бо боварию эътимод дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат дар майдони ҳарбу зарб ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Корнамоӣ ва шуҷоати 302 нафари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, ки 79 нафарашон дар сангарҳо ҳалок гаштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷон нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок намудан дар маросими қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, таъмин намудани амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ, ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ буда, ҳамчунин мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳо мусоидат менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ ва вазъи иҷтимоии афсарону сарбозон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо мақсади такмил додани қобилияти ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ба истифода дода шуд, ки масоҳати марказ 110 гектарро дар бар гирифта, аз машқгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои тирпаронӣ аз силоҳи гуногун, майдонҳои ронандагӣ, биноҳои баландошёна ва макет-маҳалҳои аҳолинишин барои гузаронидани машқҳои махсус ва нуқтаҳои назорат иборат буда, барои фароғату истироҳати ҳайати шахсӣ хобгоҳу ошхона ва нуқтаҳои маишӣ сохта шудаанд. Марказ барои гузаронидани машқҳои низомӣ ва мусобиқаҳои васеи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати зиёди хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ мебошад. Дар айни замон дар ин марказ хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии мамлакат ҳам ба тамрин машғул мешаванд.

Ҳамзамон тавре иттилоъ дода шуд, Гвардияи миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи таъминотӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии афсарон бо бисёр кишварҳо ҳамкории судманд дорад. Ҳамкории пурсамар бо сохторҳои ҳамшарик дар Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди қавӣ доранд, ки ин соҳаи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ метавонад дар таъмини бехатарии мамлакат дар ҳамбастагии зич бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузорад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии гвардия- ҳифзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин вазифаи ифтихориро Баталиёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро менамояд.

18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори баргузории маросим ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Ва 26 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар фаъолияти он марҳилаи нав оғоз гардид. Дар баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори ташкилии он тағйироти куллӣ ворид шуда, ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ дар марҳилаи нави гузариш мусоидат намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТИ КӮҲСОР — ТОҶИКИСТОН РУШДИ АВИАТСИЯ МУҲИМ АСТ. Дар ин маврид бо суръати баланд кашонидани бору расонидани мусофир таъмин мегардад
КУНҶИТ. Дар Тоҷикистон кишти ин навъи зироати равғандеҳ зиёд гардидааст
ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ СОҲАИ ҲАВОНАВАРДИИ ТОҶИКИСТОН РУШД ЁФТ. Ба Рӯзи авиатсияи тоҷик бахшида мешавад
То соли 2026 дар Тоҷикистон шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳибкасб гардонида мешаванд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ БЕНАЗИР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитетро дорад
ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино
Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?