ИМРӮЗ-РӮЗИ РОҲСОЗОН. Дар самти ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон саҳми роҳсозони тоҷик назаррас аст
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша дар Тоҷикистон бояд 5 лоиҳа ба маблағи 436 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт татбиқ карда шавад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар доираи 5 лоиҳа, бунёди 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 156 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода шаванд, ки инҳо: Роғун-Обигарм –Нуробод (76 км), Бохтар-Леваканд –Лолазор –Данғара (69 км), аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 км ва нақби «Истиқлол», марҳилаи 2 мебошанд.
Якшанбеи дуюми моҳи сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи роҳсозон муқаррар шудааст. Имсол иди касбии роҳсозон ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Роҳсозони мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар бунёди якчанд иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ, аз қабили роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, нақбҳо ва пулу гузаргоҳҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Роҳсозӣ пешаи пуршараф аст
Касби роҳсозӣ аз пешаҳои пуршараф маҳсуб мешавад, зеро маҳз бо шарофати меҳнати софдилона, шабонарӯзӣ ва заҳматталаби роҳсозон дили кӯҳҳо сӯрох гардида, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо бунёд мегарданд, инсонҳою қалбҳо бо ҳам мепайванданд, дӯстиву рафоқат ва ваҳдат таҳким меёбад.
Саҳми роҳсозон дар самти ба давлати воҳид ва транзитӣ табдил додани Тоҷикистон
Бунёди роҳҳо, хусусан дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, роҳсозони тоҷик дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид ва транзитӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.
Дар солҳои истиқлол садҳо километр роҳу пулҳо сохта шуданд
Мояи ифтихори кормандони соҳаи роҳсозӣ аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон садҳо километр роҳу пулҳо сохтаву таҷдид гардида, бо ташкили долонҳои нав Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст сохтанд. Бунёди роҳи «Мурғоб – Кулма», «Душанбе – Чанок», «Душанбе – Бохтар — Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе — сарҳади Қирғизистон», «Душанбе – сарҳади Узбекистон» ва пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз иншооте мебошанд, ки давлати моро бо мамлакатҳои ҳамсоя пайваст месозанд. Ҳанӯз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ идома дорад.
Сохтмони роҳи Душанбе-Кулма-қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ- сарҳади ноҳияи Рӯшон суръат мегирад
Тавассути Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ҳоло 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ мешавад. Нақшаи иҷрои корҳо дар ин давра дар лоиҳаҳои таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгарди Обигарм-Нуробод, қитъаи 1, Обигарм-Нуробод, қитъаи 2 (46 км), Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа –Бохтар (9,2 км), «Устувории шабакаи роҳҳо (таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук -Темурмалик-Кангурт (58,9 км) ва Данғара –Лолазор (28,9 км), сохтмони нақби «Истиқлол» марҳилаи 2, «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ БРАМОМ-4», сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ- сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км), «Рушди иқтидорнокӣ барои идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.
Новобаста аз номусоидии боду ҳаво роҳҳо сохта мешаванд
Дар татбиқи ин тарҳҳои муҳими соҳаи нақлиёту коммуникатсияи мамлакат-бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо роҳсозони тоҷик, новобаста аз номусоидии боду ҳаво, мавқеи ҷуғрофӣ, ки аксар минтақаҳои мамлакат дорои релефи кӯҳӣ ҳастанд, бо меҳнати шабонарӯзӣ ва пурмаҳсул саҳми барҷаста мегузоранд. Роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва пулу нақбҳо сохта шуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат нақши муассир мегузоранд.
Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ
Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» қабул гардидааст. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти роҳдориро муайян намуда, ба рушди шабакаҳои роҳҳои автомобилгард ва беҳтар кардани истифодаи онҳо барои таъмини интиқоли мусофирон ва борҳо равона шудааст. Инчунин дар мамлакат Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2020 ба тасвиб расидааст, қабул гардид.
«ROMDAS»-низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо
Бо дастгирии Бонки осиёии рушд аз ҷониби ширкати «Data Collection limited» (DCL) — и Зеландияи Нав низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ба ҷумҳурӣ ворид шуд, ки ба ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард равона мешавад. Дар айни замон аз 5 567,9 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мавриди истифодаи умум қарордошта дар тавозуни Вазорати нақлиёт 3 176,9 км ё ин ки 57,1 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шудааст. Маълумоти ҷамъоваришуда дар якҷоягӣ бо машваратчиёни байналмилалии ширкати «Corporate Solutions» бароои омода намудани харитаи электронӣ мавриди коркард қарор дорад, аз ҷумла, барои муайян намудани хати ҷудокунандаи болопӯши роҳҳои автомобилгард аз рӯи намуд, муайян намудани намуди болопӯши роҳи автомобилгард, хати ҳаракати роҳ ва синфҳои ҳолати камбудиҳо дар болопӯши роҳ.
Дар бахши хоҷагии роҳҳо қариб 300 корхона фаъолият дорад
Ҳоло дар мамлакат дар бахши хоҷагии роҳҳо 297 корхона фаъолият дорад, ки аз он 71 адад муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» ва 226 ададаш корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ мебошанд. Нақши корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо, хусусан дар мавсими сармо ва фасли баҳор назаррас аст.
Имрӯзҳо дар назди роҳсозони мамлакат вазифаи пурмасъулият — ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон гузошта шудааст. Умед аст, ки дар оянда роҳсозони тоҷик дар татбиқи ин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконияту иқтидори мавҷудаи соҳа ва меҳнати софдилона саҳми назаррас мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад»
Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии ҶСО «МегаФон»-и Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар саммитҳои ҷаҳонӣ дар Женева муаррифӣ шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи миллӣ заминаи истиқлоли саноатии мамлакат аст»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид
Вазорати кишоварзӣ: «Дар 75 795 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 71,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад»






