ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ҲАСТИИ ДАВЛАТИ КОМИЛҲУҚУҚ ВА СОҲИБИХТИЁРИ ТОҶИКОН. Ин дастоварди бузург маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди давлатдории миллӣ нақш ва мақоми Истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолу озодӣ ҳастии миллат, мояи ифтихори миллӣ ва сарбаландии миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо боқӣ мондааст.
Дар замони басо душвори таърих сазовор шудан ба Истиқлоли давлатӣ кори саҳлу осон набуд. 9 сентябри соли 1991 барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ маҳсуб меёфт. Ин санаи муҳим, дар таърихи миллати тоҷик гардиши куллиро ба миён оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати эълони Истиқлоли давлатӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибистиқлол арзи ҳастӣ кард. Моҳи ноябри соли 1992, замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Фарзанди баору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардиданд.
Роҳбари сиёсии давлат дар яке аз баромадҳои худ махсусан таъкид намуда буд, ки “истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоссаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем”.
Дар воқеъ, аз баракати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон мақому манзалати худро дар сатҳи байналмилалӣ соҳиб гардид, заминаҳои рушди босуботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин намуд, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоидро фароҳам кард.
Мавриди зикр аст, ки ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ нишонаи худшиносии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ буда, масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, “ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.
Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста аст ва ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи он ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд. Гузашта аз ин, садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунаваду Тоҷикистон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегӯяд ва дар радифи давлатҳои муқтадири сайёра мақому манзалати шоиста дар бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ-Созмони Милали Муттаҳид дорад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз ҷониби тамоми кишварҳои сайёра ҷонибдорӣ ёфта, амалӣ мегарданд, ки ҳамаи ин музаффариятҳо самараи арзишманди Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои сарвари оқилу хирадманди тоҷикон мебошад. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ соли 2003-юмро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуда, тоҷиконро ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳиби ташаббусҳои наҷотбахши башарият эътироф намуданд.
Бо шарофати Истиқлолу иттиҳод дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амалҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, садҳо иншооти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир бо тарҳи зебою нотакрор қомат афрохтанд. Сохтмони иншооти тақдирсозу муҳим авҷ гирифт ва корҳои сарсабзу хуррамгардонӣ эҳё гардида, давлат ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт.
Мо, тоҷикон роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҳар яки мо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи худшиносии миллӣ, гиромидошти фарҳанг ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни ниёгони хеш тақозо карда мешавад, зеро Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии миллӣ ба мо халқи тоҷик имкони зиндагии озод, ором ва осударо фароҳам намудааст.
Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
АКС аз бойгонӣ








ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад






