Истиқлоли миллӣ барои рушди Тоҷикистон марҳилаи нав аст
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷик дар саросари мамлакат 33-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифтанд. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик соли 1991 соҳибихтиёрии давлатӣ ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба Сарвари давлат интихоб гардиданашон тамоми азму иродаро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат — таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон ва истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд. Фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи халқу миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.
Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Истиқлолияти далатӣ ва ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар ҷумҳурӣ муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид шуда, фаъолиятро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон равона созанд.
Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси ҷумҳурии комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки ҷумҳурии мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид гардад.
Низоми нави давлатдорие, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа заминаҳои воқеӣ муҳайё намуданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ сабаби бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти пурраи миллӣ гардид.
Самараи заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Мардуми Тоҷикистон ба хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва дорои ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ арҷи баланд мегузорад.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






