КИШОВАРЗӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин соҳа ба таври назаррас рушд меёбад

Сентябрь 8, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи он соҳаи кишоварзии мамлакат рушд намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, саршумори чорво ва паранда солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт. Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар мамлакат ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991   2,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумуҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид доштаанд, ки «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва содирот намудан яке аз масъалаҳои асосӣ барои кишоварзон мебошад. Новобаста ба он ки масоҳати заминҳои корам дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст, аммо шароити хоку иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода гарданд.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки имрӯз бояд замин самаранок истифода шуда, маҳсулнокии зироати кишоварзӣ баланд бардошта шавад. Илман ва амалан истеҳсоли ду ҳосил аз як қитъаи замин дар як сол татбиқ гардидааст. Ин раванд тавассути татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва бахусус парвариши зироати ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, сабзавоту картошка, зироати полезӣ ва равғандиҳанда мақсаднок мебошад. Инчунин кишти такрорӣ низ ба фаровонҳосилӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 16 ҳазору 477 гектар кишт гузаронида шуд, ки нисбат ба дурнамо 315 гектар зиёд мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ғалладонагиҳо назар ба соли 1991 6 баробар зиёд истеҳсол гардидаанд. Инчунин гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот  9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфти масъулини соҳаи кишоварзии мамлакат, дастовард ва рушди ин соҳа аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат вобастагӣ дорад. Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»,  дар айни замон дар ҷумҳурӣ 228  корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад. Аз  ин 101 корхона ба истеҳсоли тухм, 113  корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8  корхона ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6  корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд. Аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 132 адад ба вилояти Суғд, 33 адад ба вилояти Хатлон ва 63 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мансуб мебошад.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он равона гардидааст, ки рушди соҳаи кишоварзиро таъмин намуда, ба амнияти ғизоӣ дар мамлакат даст ёфта, зиндагии шоистаро барои мардуми ҷумҳурӣ муҳайё созад.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд