«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /«Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси илмию амалӣ оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки қабули санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.
«30-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд»,-изҳор дошт Зариф Ализода.
Дар ҷараёни кори конфронс маърузаҳо дар мавзуъҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон, Конститутсия- заминаи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, масъалаҳои назорати судии конститутсионӣ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳуқуқӣ баррасӣ карда мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






