КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тавассути он 118 нафар аз водии Рашт ба таҳсил фаро гирифта шуд

Сентябрь 12, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024 – 2025 аз ноҳияҳои минтақаи Рашт 118 нафар донишҷӯён ба тариқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии мамлакат таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, тибқи квотаи президентӣ аз ноҳияи Рашт 23 нафар, Сангвор — 22, Тоҷикобод — 26, Лахш – 25 ва Нуробод 22 нафар дар донишгоҳҳои олии мамлакат таҳсил доранд.

Бояд иброз намуд, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ буд.

Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад. Таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бояд соҳиб шаванд. Ин ҳам ба тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дастур дода шуд, ки нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобкарда дошта бошанд.

Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор ба танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳру деҳоти ноҳияи Рашт то даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди занони соҳибмаълумот ангуштшумор буд. Вале дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон бештар гардида, духтарони маҳаллӣ аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил гардиданд. Онҳо баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо кор таъмин шуданд.

Фаъолона фаро гирифтани духтарону занони ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таҳсилу кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Ин самараи таъсис ёфтани мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо дар ин водӣ аст.

Яке аз духтарони ноҳияи Рашт, ки тариқи квотаи президентӣ  дар курси дуюми факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дорад, Бибизайнаб Шарифова мебошад. Ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки дар баробари таҳсили ройгон ҳамзамон бо ҷойи хоб ва Стипендияи президентӣ таъмин аст.

Бибизайнаб Шарифова ният дорад, ки донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, дар оянда бо касби интихобнамудааш фаъолиятро идома диҳад.

«Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳам, ки муваффақона  таҳсил карда, ҳамчун мутахассиси варзида ба халқу Ватан хизмат менамоям», -гуфт ӯ.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» падари Бибизайнаб Додихудо Шарифов, ки омӯзгор аст, иброз дошт, ки “дар шароити кунунии рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд фарзандонамонро ба омӯзиши ҳарчи бештари илмҳои муосир, техникаву технологияҳои компютерӣ ва забондониву аз худ кардани касбҳои гуногун ҳидоят намоем”.

Ба андешаи ӯ, “яке аз сабабҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ ҳамин аст, ки мо фарзандони худро ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбияи дуруст диҳем ва онҳоро барои фаро гирифтани донишҳои замонавӣ омода созем. Кӯдакону наврасонро бояд тавре ба камол расонем, ки онҳо дар оянда ба манфиати ҷомеа ва давлат хизмати арзанда карда, дар пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон ҳамчун кадрҳои замони нав саҳм гузоранд”.

Бояд иброз намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ бештар гардида, онҳо имконияти дар тамоми соҳаҳо санҷидани малакаву дониши худро доранд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва татбиқи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани ҳаёту фаъолияти занону духтарон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо нигаронида шудаанд, дар минтақаи Рашт тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тибқи он имсол аз ноҳияи Сангвор 11 духтар ба муассисаҳои олии Тоҷикистон дохил шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст»
КАМОЛОТИ ИНСОНӢ АЗ САВОДУ МАЪРИФАТ ВОБАСТА АСТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
МАРКАЗҲОИ ИНКИШОФИ КӮДАК . Нақши онҳо дар тарбия ва камолоти кӯдак чӣ гуна аст?
Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд
САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншоот ифтитоҳ шуд
Дар ноҳияи Ховалинг бинои иловагии муассисаи таълимии №15 ифтитоҳ гардид
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра шумораи муассисаҳои олӣ аз 13 ба 47 адад расонида шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
БА ИФТИХОРИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи TAEETT-и барномаи PECA-и Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон баррасӣ шуд