«Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷагирӣ гардид

Сентябрь 20, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои татбиқи «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моҳи июли соли 2023 то августи соли 2024  дар ҷаласаи 5-уми  Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа  роҳбарият ва мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия», роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имаи Сейджу, инчунин мутахассисони JICA ва ҷопонӣ ба  таври маҷозӣ дар ҷаласа  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои минбаъда то муҳлати анҷом ёфтани татбиқи лоиҳа мувофиқа гардида, муҳлати татбиқи лоиҳа тамдид шуд.

Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади мувофиқ намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботи ICAO «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корхона татбиқ гардид.

Ҳоло татбиқи лоиҳаи дуюм идома дорад. Он ба такмил додани танзими фазои ҳавоӣ, рушди дастрасии минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, беҳтар намудани сатҳи бехатарии парвозҳо ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ равона гардидааст.

  АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Сентябрь 20, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид