Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ бо Беларус тақвият мебахшад

Сентябрь 7, 2024 18:28

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи директори муассиса Мирзо Исмоилзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко доир гардид, ки ҷонибҳо зимни он тавсеи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Мирзо Исмоилзода баён дошт, ки бо шарофати имконияти фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд мегардад.

Бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ муҳокима ва барои тақвияти минбаъдаи корҳо изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Сентябрь 7, 2024 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид