МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна худро ба мавсими гармо ва сармо мутобиқ намоем?

Сентябрь 22, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли тирамоҳ ҳаво тағйир ёфта, он ба саломатии инсон таъсир мерасонад. Зеро организми инсон низ як ҷузъи табиат мебошад. Аз ин рӯ инсон бояд талош намояд, ки худро дар қатори дигар мавҷудоти зинда ба он мутобиқ созад. Яъне, мутобиқи боду ҳаво либос иваз кунад, пайваста хӯрокҳои витаминдор истеъмол ва пӯсти бадани худро муҳофизат намояд. Чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Барои мустаҳкам намудани иммунитет чиро бояд истеъмол намуд?

Дар фасли тирамоҳ мубодилаи моддаҳо дар бунияи инсон камтар шуда, масунияти бадан ва тобоварии он ба аксари бемориҳо суст мешавад. Камтар шудани гармии Офтоб, омезиши сардию гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ ба ин сабаб мегарданд.

Ба тавсияи табибон, инсон аввалан бояд маҳсулоти табииро интихоб ва ғизои солим истеъмол кунад ва баъдан дуруст истироҳат ва варзиш намояд. Агар дар фасли тобистон одамон хӯроки сабуки камравған истеъмол кунанд, дар тирамоҳу зимистон таомҳои равғандор ва серғизо ба бадани инсон фоидаи хуб доранд.

Агар дар фасли тирамоҳ рӯзҳои борониву абрнок зиёд шаванд, ҷисми инсон ба витамини D ниёз пайдо мекунад. Норасоии ин витамин иммунитетро заиф ва ҳолати пӯстро бад месозад. Дар натиҷаи норасоии витамини D пӯст ҳассос гашта, доначаҳои сурх пайдо мекунад. Аз ин рӯ, бештар дар ҳавои офтобӣ гашта, маҳсулоти дорои равғани моҳӣ, шир, тухм, шарбати афлесун ва ҷигари гов истеъмол бояд кард. Витамин А-ро танҳо шабона ҳафтае ду маротиба истеъмол намудан заурр аст, зеро он бо нури Офтоб мувофиқат намекунад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар ин фасл бемориҳои кӯдакона авҷ мегиранд. Зеро организми кӯдакон дар фасли тирамоҳ нисбат ба тобистон заифтар мегардад, аз ин рӯ дар ин айём ба ғизои онҳо бояд диққати бештар дод. Кӯдакон дар тирамоҳ бояд дар як рӯз 4 маротиба хӯрок истеъмол намоянд.

Аз кадом бемориҳои мавсимӣ худро бояд эмин нигоҳ дошт?

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар авҷ мегиранд. Зеро тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони гуногунсол, ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти онҳо таъсири мухталиф мерасонад. Ба пайдоиши ин бемориҳо омезиши сардию гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ, ҳарорати баланди ҳавои нисфирӯзӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ сабаб мегарданд.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки агар инсон ҳарорати баланди бадан, дарди гӯшу бинӣ ва гулӯ, сулфа, беҳолӣ, дарди буғумҳо ва ғайраро ҳис намояд, инҳо нишонаҳои бемориҳои мавсимӣ ва музмин мебошанд. Дар фасли тирамоҳ аксар одамони калонсол ва кӯдакон гирифтори ин бемориҳо мешаванд, зеро масунияти бадани тифлону пиронсолон нисбат ба ҷавонон сусттар аст ва муборизаи организм бо бемориҳо дар онҳо кам дида мешавад. Агар хоҳед, ки ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор нашавед, ҳатман нӯшобаҳои аз меваҳои хушк ва лимӯю имбир омоданамударо нӯшед. Инчунин дар ҳолати худро нороҳат ҳис намудан ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед. Зеро худтабобаткунӣ оқибати нохуб дорад.

Интихоби мувофиқи либос дар ин фасли сол

Иртиботи аз ҳама бештари организми одам бо муҳити зист тавассути пӯст амалӣ мешавад. Зеро тавассути пӯст гармӣ, хунукӣ ва дардро метавон ҳис кард. Дар пӯст, махсусан дар ангуштони дастон, кафҳо, лабҳо ва кафи пойҳо теъдоди зиёди нӯги торҳои асаб мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳассос мешаванд.

Дар фасли тирамоҳ баромадани ҳар хел захмҳо, хушкшавии пӯсти рӯй, лаб, даст ва дамидани сурхӣ дар пӯст амри маъмулӣ гаштааст. Ин ҳолатҳо бар асари шамолхӯрӣ ва паст шудани иммунитет пайдо мешаванд. Агар хоҳед, ки дар пӯсти рӯятон ҳар гуна захму сурхиҳо пайдо нашаванд, пеш аз ҳама, ба парҳез риоя намоед ва кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед, зеро асабоният низ боиси пайдошавии дерматит ва касалиҳои дигари пӯст мегардад.

Баъд аз анҷом ёфтани тобистони гарм пӯсти рӯй хушк шуда, ниёз ба барқароршавӣ дорад. Барои он ки ҳассосияти пӯст камтар шавад, бояд малҳамҳои махсусро интихоб кард. Малҳами тирамоҳӣ бояд қобилияти муҳофизатии пӯстро дучанд гардонад. Масалан, равғани бодом пӯстро ғизо бахшида, муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ, вақте малҳам мехаред, ба таркиби он диққат диҳед.

Косметологон (зебоишиносон) тавсия медиҳанд, ки дар ин мавсим бояд инсон пӯсташро ҳамеша бо малҳамҳо нарм нигоҳ дорад. Бештари занон бо фаро расидани ин фасли сол рӯйи худро дигар аз таъсири Офтоб эмин нигоҳ намедоранд. Фаромӯш насозед, ки нурҳои Офтоб дар ин фасл низ ба пӯсти рӯй таъсир мерасонанд. Нафароне, ки пӯсти рӯяшон ба доғзанӣ моил аст, ҳамарӯза бояд аз малҳами аз Офтоб ҳифзкунанда истифода баранд. Дар тобистон аз малҳами дараҷаи муҳофизатияш баланд ва дар фасли тирамоҳ аз малҳами дараҷаи муҳофизатияш пасттар истифода бояд бурд.

Ҳамчунин дар ин фасл мӯйҳо бошиддат ба рехтан сар мекунанд, зеро ҳар тирамоҳ мӯйи инсон рехта, аз нав ба афзоиш сар мекунад. Барои ба эътидол овардани афзоиш ва мустаҳкам намудани мӯй витаминҳои В5 ва Н истеъмол кардан лозим аст. Витаминҳои зерин дар таркиби нахӯди сабз ва ғалладонагиҳо, аз қабили биринҷ, ҷуворимакка ва марҷумак (гречка) мавҷуд ҳастанд.

Кадом ранг ва чӣ гуна либос хоси ин фасл аст?

Ба ақидаи равоншиносон, либосе, ки мо ба бар мекунем, шахсияти моро ифода карда метавонад. Аз рӯи ранги либос оид ба саломатӣ, тафаккур ва хислати инсон хулоса баровардан мумкин аст. Азбаски Тоҷикистони мо мамлакати офтобӣ аст, ҳатто дар фасли тирамоҳ низ ҳаво гарм аст, вале субҳу шом хеле салқин ва ҳатто хунук мешаванд. Аз ҳамин сабаб аксарият дар ин мавсим чӣ гуна либос пӯшиданро намедонанд.

Тарроҳон дар ин фасл бештар куртаҳо аз матои пахтагин ва дорои ранги сафед, инчунин матоъҳои якранг ва дорои рангҳои баландро тавсия медиҳанд.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ ҳатман аз болои куртаи худ рӯйпӯш ба бар намоед. Инчунин бо тағйир ёфтани вазъи ҳаво метавонед рӯйпӯши ғафстар интихоб кунед.

Тарроҳони либос рӯйпӯшҳои (кардиганҳои) аз атласу адрас дӯхташударо низ дар мавсими баҳор ва тирамоҳ ба занон пешниҳод менамоянд. Истифодаи онҳо дар ин фаслҳо хеле мувофиқ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Масъалаи маблағгузорӣ барои ҳолатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир гардид
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон