МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!

Сентябрь 14, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бемориҳои роҳҳои нафас авҷ мегиранд. Ангезандаҳои асосии бемориҳои шамолкашии мавсимӣ вирусҳо буда, сабаби маҳкам шудани роҳҳои нафас ва пайдо шудани сулфа мегарданд. Сулфа аломати маъмули сироятҳои мавсимӣ аст, ки аксар вақт онро нодида мегиранд. Сулфа бо бисёр бемориҳо — аз сироятҳои вирусӣ ё бактериявӣ то аллергия, астма ва бемориҳои шуш ва дил низ пайдо мешавад.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, сулфа бештар дар инсон бо сабаби шамолкашии узвҳои нафас ва бемориҳои сироятӣ, аз қабили зуком, бронхит, пневмония, сил, астма, тромбоэмболияи артериалии шуш ва саратони шуш сар мезанад. Инчунин бемориҳои лорингит, фарингит, дил ва рагҳои хунгарди он, норасоии кори дил, аллергия ва касалиҳои асаб ҳам тавассути сулфа ба вуҷуд меоянд.

Табибон мегӯянд, ки инсонҳо бештар вақт нисбат ба сулфа беэътиборӣ мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки агар сулфа аз як ё ду ҳафта дарозтар шуд, он нишонаи бемориҳои ҷиддӣ мебошад. Сулфа ду намуд: хушк ва тар шуда, аз рӯйи давомнокӣ ба 3 навъ ҷудо мешавад:

Сулфаи шадид —  маъмулан дар як ё ду ҳафта мегузарад.

Сулфаи тӯлонӣ — он то ду моҳ тӯл кашида метавонад.

Сулфаи кӯҳнашуда (музмин).

Сулфаи давомдор метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад. Инчунин сулфае, ки бар асари зуком пайдо мешавад, низ ба дигар бемориҳо мебарад.

Инсонҳо бояд донанд, ки сулфае, ки аз шамолкашӣ ва зуком пайдо мешавад, он чунин нишонаҳо дорад: ҳароратбаландӣ, маҳкамшавии димоғ, хориши гулӯ, ҷудошавии об аз бинию чашм ва ғайра.

Ба гуфти табибон, дар гирифторони беморони бронхит ва ё пневмония дар вақти сулфа оби чашму оби бинӣ намешорад, аммо ҳарорат баланд шуда, дар қафаси сина эҳсоси дарди кунд пайдо мешавад.

Агар хоҳед, ки сулфаи шумо зуд табобат шавад, ҳатман ба табибон муроҷиат намоед. Зеро табиб аз рӯйи натиҷаи ташхис ва аломату нишонаҳо сулфаро муайян карда, доруҳои пасткунандаи шиддати сулфа ва балғамбарор мефармояд. Набояд фаромӯш кард, ки агар давои гирифтаи шумо ба намуди сулфа мутобиқ набошад, он натиҷаи баръакс медиҳад, яъне сулфаро зиёд мекунад ё ба дигар узвҳои инсон зиён мерасонад.

Сулфа бештар дар байни кӯдакон ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи табибон, барои ба кӯдак ёрӣ расонидан, пеш аз ҳама, намуди сулфаро муайян кардан зарур  аст. Бештари волидон ба сулфаи хушк чандон аҳамият намедиҳанд, зеро боварӣ доранд, ки агар кӯдак балғам надошта бошад, сулфиданаш чандон хатарнок нест. Вақте ки кӯдак ба сулфаи хушк гирифтор мешавад, гулӯяш сахт ба хориш медарояд. Ҳар қадар бештар сулфад, хориш ҳамон андоза зиёдтар шуда, кӯдак қариб нафасгир мешавад. Дар натиҷа бо ҳар хурӯҷи сулфа илтиҳоби пардаҳои луобии гулӯ бештар шуда, ҳолати кӯдак торафт вазнинтар шудан мегирад. Дар ин ҳолат модарон ба  кӯдак  бояд тез-тез шири гарми бо маскаю асал омехта диҳанд.

Агар фарзанди шумо шамол хӯрда, сулфа шуда бошад, он балғамдор мешавад. Бояд кӯшиш намуд, ки балғам ҳарчи зудтар аз ҷисми кӯдак берун шавад. Агар балғам тунук бошад, он ба зудӣ канда мешавад, вале халос шудан аз балғами ғафсу часпак душвор аст. Аз ин рӯ модарон бояд ҳавои хонаро дар як рӯз 4-5 маротиба тоза намоянд ва ба фарзандон тез-тез оби ҷӯшомада, чойи гарм ва ё обмеваи аз меваҳои хушктайёршуда ( як литр дар як шабонарӯз) нӯшонанд.

Агар сулфа дар муддати як ё ду ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, бояд ҳатман кӯдакро ба табиб нишон диҳед.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 14, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Шумораи субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2025 коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд