Муҳриддин Низомӣ: «Беш аз ҳаштсад сол аст мардум шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи Мавлоно мебошанд»

Сентябрь 28, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки ҳамасола дар мамлакат 30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни ҳаводорони шеъру сухани ноб табдил ёфтааст.

Ҳамоиш дар ду бахш- илмӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд, ки муҳтавои он писанди ҳозирин гашта, онҳо бори дигар бо дунёи рангини Мавлоно шинос гардиданд.

Таъкид шуд, ки Мавлоно беш аз ҳаштсад сол аст мардумро шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи хеш менамояд. Ҳар касе ба таври ҷиддӣ осори Мавлоноро мутолиа намояд, ҳамоно бештар шефтаи аҳволу афкори пурвусъати ӯ гардида, ошиқонаю содиқона пайи такрору талқини ашъори зебои ин нобиға мешавад.

Ректори донишкада дар бораи омӯзишу пажуҳиши осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ ибрози назар намуда, гуфт, ки “дар баробари муҳаққиқони ҳамзабон иддае аз донишмандони хориҷӣ умри хешро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно кардаанд, ки имрӯз ба шарофати ин иқдоми накӯ номи ӯ дар радифи бузургтарин олимони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Амсоли Роналд Николсони англис, ки матни комили интиқодии «Маснавӣ»-ро ба вуҷуд овард ва имрӯз муҳаққиқон ва мутолиакунандагони ин шоҳасар бар асоси нусхаи омодакардаи ӯ «Маснавӣ» мехонанд. Ё Ани Мори Шиммели олмонӣ, ки ба хотири Мавлоно исми Ҷамилабоҷиро барои худ интихоб карда буд ва бо шарофати хизмати бедареғаш дар мавлавишиносӣ дар Қуния хиёбонеро ба исми ӯ гузоштаанд”.

Дар бораи камолоти маънавии Мавлоно бо такя ба сарчашмаҳои муътамад сухан гуфта, нақши Ҳаким Саноӣ ва Шайх Аттори Нишопурӣ дар ҳаёти маънавии ин орифи бузург дар паҳнои ирфону адаб муҳим арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки дар камолоти маънавии Мавлоно ҳамзамон шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши калон доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Сентябрь 28, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд