Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми наверо бо номи «Ширин» пешкаши тамошобинон мегардонад
ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми наве бо номи «Ширин» таҳия намудааст, ки нахустнамоиши он 2 октябри соли 2024, соати 17.00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар таҳия ва наворбардории филм гурӯҳи эҷодию техникӣ ва ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ҷалб гардидааст.
Филми дар жанри драмаи оилавӣ эҷод шуда, дар бораи ҳаёти оилавии Ширину Саид қисса мекунад. Ҳаёти орому осудаи оила пас аз рӯйдоде ба зиндагии пурихтилоф мубаддал мегардад. Дар гирудори зиндагӣ барои қаҳрамони асосии филм- Ширин чеҳраи воқеии наздиконаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббат ва тифли бегуноҳ сабаби наҷоти оила мегарданд.
Ин нахустин филми коргардони ҷавон Умеда Турсунова буда, бо ин маҳсули эҷодӣ мехоҳад ба олами синамо ворид гардад.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат барои ҷавонони ҳунарманд тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва онҳо имкон доранд дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоранд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






