НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ БЕНАЗИР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Сентябрь 2, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3 сентябр дар мамлакат Рӯзи авиатсияи гражданӣ муқаррар шудааст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ нақши авиатсия дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ назаррас аст, зеро фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро бо ҳам мепайвандад. Соли 2024 ба таъсиси авиатсияи граждании Тоҷикистон 100 сол ва ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 90 сол пур мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро пайгирӣ намуда, маълумоти ҷолибро пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳарчанд ки таърихи садсола дорад, вале он дар мамлакат асосан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ карда, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ самара ва баракати соҳибистиқлолӣ буда, бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд расид. Ин фурудгоҳ агарчи таърихи 90-сола дорад, вале давоми солҳои охир куллан шаклу намои дигар гирифт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тавассути навсозии куллӣ симояшро ба таври мусбат тағйир дода, ба яке аз беҳтарин фурудгоҳҳо дар минтақа табдил ёфт.

Тавре директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «бунёдгузори тарҳу симои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва дастовардҳои назарраси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз суботу оромӣ ва файзу баракати Истиқлоли давлатӣ буд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бобати фароҳам овардани шароиту имконияти корӣ барои кормандон бинои маъмурӣ пурра таъмир гардида, иншооти дигари хизматрасонӣ бо шароити муосири корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ минтақаҳои дигари фурудгоҳро зебу оро дода, роҳи протоколӣ бунёд шуд ва марҳила ба марҳила намои фурудгоҳ дигаргун гардид».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Яке аз чунин корҳои мондагору таърихӣ, ки дар ин марҳила дар Фурудгоҳи байналмиллии Хуҷанд анҷом пазируфт, ин бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни фурудгоҳ бунёд намудани Маҷмааи таърихиву ёдгории «Дуои модар» мебошад. Он чун рамзи муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Модар ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳастии ӯ бунёд шуда, дар мамлакат аввалин муҷассамаи азим мебошад. Муҷассамаи “Дуои Модар” 7 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд солҳои охир барои мукаммал ва муосиргардонии парки мошинҳои махсус қариб 150 техника ва мошинҳои махсуси хизматрасонӣ ба тайёраҳо харида шуданд. Барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт сохта шуда, дар ошёнаи дуюми ин бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон бунёд мегарданд, ки фаъолияти фурудгоҳро дар самти сифати хизматрасонӣ хеле беҳтар менамоянд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи санаҳои фархунда пайваста корҳои ободониву созандагӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи кор ва Маҷмааи зебову замонавии “Кайҳон”, ки аз ошхонаву тарабхона ва меҳмонхона иборт мебошад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот туҳфаи хубе ба истиқболи ҷашни 100-солагии авиатсияи граждании тоҷик ва 90- солагии таъсиси Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох шуд. Ба роҳ мондани парвозҳо қариб ба 30 кишвари дуру наздик ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ далели ин гуфтаҳо аст.

Бояд эътироф кард, ки авиатсия яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, барои рушду такмили ҳамаҷонибаи он дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Имрӯзҳо ҷомеаи меҳнатии фурудгоҳ бо шукргузорӣ аз истиқлолу оромӣ ва фазои мусоиди корӣ 100- солагии авиатсияи граждании мамлакат ва 90-солагии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро истиқбол намуда, барои пешрафти соҳа аз собиқадорону устодон дарси сабақ омӯхта, дар рушди минбаъдаи соҳаи авиатсияи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Бояд гуфт, ки аз ҳамаи намудҳои нақлиёте, ки имрӯз дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, авиатсия аввалин шуда — ду сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз поезд ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. Ин буд, ки дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ роҳҳои нави ҳавоӣ пайдо шуданд. Аввал дар Сталинобод аэроузел таъсис ёфта, соли 1930 фурудгоҳи дараҷаи якум мавриди истифода қарор гирифт. Сипас парвозҳо ба минтақаҳои мушкилгузари Қаротегин, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва ғайра амалӣ гаштанд. Соли 1937 Раёсати минтақавии Флоти ҳавоии Тоҷикистон (ФҲТ) таъсис ёфт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои нав гардад.

Дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон аввалин парвоз бо хатсайри Сталинобод — Москва тавассути ҳавопаймои Ли-2 амалӣ гардидааст. Дар солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон парки авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймои машҳури Ан – 2 пурра гашт. Ин ҳавопаймо на танҳо бору мусофир мекашонд, балки дар корҳои кишоварзӣ низ васеъ истифода мешуд. Солҳои 70-80 асри гузашта барои авиатсияи граждании Тоҷикистон солҳои пешрафт маҳсуб мешаванд, зеро баробари васеъ шудани хатсайрҳо парки ҳавопаймоҳои Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои тамғаи нав пурра мегардид.

АКС: Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Сентябрь 2, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид