Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор дар Бразилия иштирок намуд

Сентябрь 14, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи кории молияи устувор (SFWG)-и G2, ки 11-12 сентябри  соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (SBFN) доир гардид. Дар ин ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи мазкур  роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, мудирони бонкҳои марказӣ ва танзимгарони молиявии минтақаи Аврупо, Осиё ва давлатҳои аъзои SBFN, роҳбарони агентиҳои танзимкунанда ва ассотсиатсияҳои саноатӣ дар бозорҳои рушдёбанда ва намояндагони шабакаҳои пешрафтаи байналмилалӣ ва ташкилотҳои муқарраркунандаи стандартҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аъзои SBFN бо афзалиятҳои стратегӣ ва натиҷаҳои гурӯҳи кории SBFN, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониву ташаббусҳои онҳо дар пешбурди маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ шинос гардида, вобаста ба тамоюлҳои асосӣ, имкониятҳо ва мушкилот дар соҳаи молияи устувор дар бозорҳои рушдёбанда муколама ва мубоҳисаҳои панелӣ анҷом доданд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода  дар доираи сафари худ бо ҳамоҳангсози ҷаҳонии шабакаҳои SBFN, ESG, IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Ронг Чжан ва роҳбари шуъбаи маблағгузории устувор, таҳаввулоти иқтисодии устувор ва лоиҳаи глобалии маблағгузории устувори Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) – Макайо Витте мулоқот намуд.

Таъкид шуд, ки  Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

Намояндаи Тоҷикистон  иброз дошт, ки шарикони рушд, аз ҷумла IFC, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва GIZ метавонанд дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак, аз қабили баланд бардоштани иқтидори кормандони БМТ дар ҷамъоварии маълумоти сабз, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои сабз, рушди бозори вомбаргҳои сабз, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG) мусоидат намоянд.

Инчунин дар ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор ҷиҳати ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои таъхирнопазир, таҳияи стандартҳо, дастурҳо, қоидаҳо ва роҳнамоҳо оид ба идоракунии хавфи экологиву иҷтимоӣ барои бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ, таҳияи роҳнамоҳо барои бонкҳо оид ба пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок дар раванди амалисозии иқтисоди «сабз» дастгирӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи SBFN соли 2012 бо мақсади суръат бахшидан ба маблағгузории устувор дар бозорҳои рушдёбанда ҳамчун воситаи тақвияти устуворӣ ва инкишоф таъсис ёфта, Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳо  ва низоми бонкӣ  8 декабри соли 2023 ба ин шабака пайваст гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд