Фарҳод Раҳимӣ: «Мо бояд дар тақдири ояндаи хонандагону донишҷӯён бетараф набошем, онҳоро барои омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан раҳнамун созем»

Сентябрь 5, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр ба муносибати Рӯзи дониш дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ вобаста ба соҳиби касбу ҳунар намудан ва ба бозори меҳнат ворид намудани насли ҷавони мамлакат ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки барномаҳои таълимии муассисаҳоро бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бартараф ва самаранокии фаъолияти ин низоми таҳсилро баланд бардоранд.  Дар робита ба ин Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

— Вохӯрии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави таҳсил, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ном гирифтааст ва суханронии Пешвои миллат дар ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, далели он аст, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маориф мавқеи калидӣ дошта, зери назорати доимӣ ва ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ҳар суханронии Президенти Тоҷикистон дар ин вохӯриҳо аввалан таҳлили пурраи вазъи соҳа бошад, баъдан дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи дурнамо ва фаъолияти минбаъдаи соҳаро муайян ва ба рушди соҳа равона менамояд.

Суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат 1 сентябри имсол, ки ба аҳли маорифи ҷумҳурӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон пешниҳод  гардид,  бо таҳлили ҷиддии тамоми зинаҳои таҳсил, вазъи кунунии соҳа, дастуру ҳидоятҳои мушаххас ба кормандони соҳаи маориф, даъватҳои хирадмандона, маорифпарварона, дурандешона ва ояндасоз ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми аҳолии мамлакат барномаи умдаи рушди маориф ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ буд.

Дар баробари дигар масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва таҳлили ҳамаи зинаҳои таҳсил Президенти мамлакат соҳибкасб намудани аҳолии ҷумҳурӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро ба касбомӯзӣ ва ба бозори меҳнат ворид намудани ин гурӯҳи аҳолиро вазифаи аввалиндараҷа барои ҳамагон, аз ҷумла барои сохтори навтаъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Тамоми масъалаҳои дар ин маврид баёнгардида, ки аввалан таҳлили кунунии вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буд ва дар суханронӣ мушкилоти мавҷуда, ба монанди таъмирталаб будани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, норасоии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, китобҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳо, воситаҳои аёнӣ ва дигар маводи таълим таъкид гардид, дар назди масъулини  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифаҳои мушаххас доир ба ҳалли саривақтӣ ва босифати онҳо гузошта шуд.

Пешвои миллат бо назардошти ин вазифаҳо таъкид намуданд, ки масъулини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба таври фаврӣ чорабиниҳоеро, ки дар суханронӣ пешниҳод гардиданд, ба нақша гиранд ва иҷрои онро таъмин созанд.

Аввалан «Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029» бояд ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардад. Барнома бояд тамоми самтҳои ислоҳоти соҳа, давра ба давра ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро фарогир бошад ва он тавонад рушди соҳаро таъмин намояд.

Барнома стратегия, самтҳои асосӣ, афзалият, вазифаҳо ва механизми амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян намуда, ба бартараф кардани мушкилоти соҳа, аз ҷумла нарасидани омӯзгорон, китобҳои дарсӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ ва устохонаҳои таълимиву истеҳсолӣ равона мегардад.

Ҳадафҳои асосии барнома аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла гирифтани таҳсили босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсил ва ба сатҳи маорифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон наздик намудани низоми таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад бояд яке аз масъалаҳои асосии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ такмили нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба стандарти давлатии таҳсилот, мустаҳкам намудани робитаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои такмили ихтисоси кормандони таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба дараҷаи инкишофи илм, техника ва истеҳсолот мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ғайра бошад.

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ин боварем, ки пайи амалӣ намудани ин масъалаҳо кӯшиш намуда, ба дастовардҳои беназир муваффақ мегардем.

Таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат бояд дар маркази таваҷҷуҳи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор гирад. Зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ва ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзу рӯзгорашро пеш барад. Маҳз ба ин хотир аст, ки Сарвари давлат аз 570 ҳазор нафар ҷавони касбу ҳунар надошта изҳори таассуф мекунанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки сари ин масъалаҳо андеша кунем ва барои бартараф сохтани он камари ҳиммат бубандем. Илова ба ин, зарур аст, ки консепсияи соҳибкасб гардондани аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонони аз 18 то 30-сола таҳия гардад ва ё яке аз масъалаҳои асосии «Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029» соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат бошад.

Мо дар замоне қарор дорем, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон дар ҳоли тағйирёбӣ қарор дорад. Дар ин шароити ҳассос, пеш аз ҳама, дар шуури хонандагону донишҷӯён ва умуман, насли наврас бояд ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллиро бедор кард. Тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи сулҳпарвариву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, одоби муошират, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо ва дар ин замина ташкил намудани вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагону донишҷӯён бо мақсади нагаравидани онҳо ба терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ бояд аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад.

Тарбия намудани хонандагону донишҷӯён дар руҳияи ҳифз намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон аз масъалаҳои дигари муҳимму афзалиятноки соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Дар баробари ин, дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардондани фарзандону шогирдон низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи кормандони соҳа қарор гирад. Моро зарур аст, ки ҳарчи имкон дорем, онро сарфи донишандӯзии фарзандону шогирдон гардонем, то онҳо аз навгониҳои илму техникаи замонавӣ бархӯрдор гарданд. Ин имкониятро ба мо истиқлоли воқеии Тоҷикистони азизамон додааст.

Аз ин рӯ, бояд Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас мебошад, чун гавҳараки чашм эҳтиром намоем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки 8 сентябри соли 2023 баргузор гардид, таъкид намуданд: «Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он мушарраф гардиданд».

Маҳз бо назардошти ин масъалаҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, замоне фаро расидааст, ки бояд  ба «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардида, он дар  таҳрири нав пешниҳод гардад.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи хонандагону донишҷӯён, дар маҷмуъ насли наврасро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ бо назардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои муҳими  имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, барои сари вақт таълиму тарбияи дуруст ва инкишоф додани тафаккуру  ҷаҳонбинии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо бояд Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи хонандагону донишҷӯён, дар маҷмуъ насли наврас муайян сохта, моҳият, мақсаду вазифа ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ бо назардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон танзим намояд ва баҳри рушди фарҳангу тамаддун, таърих, забон, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифз намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 26 декабри соли 2018 иброз намуданд, ки «мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳам».

Таъкидҳои Пешвои миллат дар замони муосир аз омӯзгорон тақозо мекунад, ки дар баробари ба таълиму тарбия машғул шудан онҳо бояд барои баланд бардоштани сатҳи касбият саъю талош намоянд. Бе рушди сатҳи касбияти омӯзгорон, тибқи талабот ба роҳ монда нашудани такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо, таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи замон ва маводи таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мо наметавонем, ки насли донишманд ва дорои касбу ҳунарро тарбия намоем. Ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи мо, кормандони соҳаи таҳсилоти ибтилоӣ ва миёнаи касбӣ, қарор дошта бошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Президенти ҷумҳурӣ зимни суханрониашон таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Бояд гӯем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мо бояд дар тақдир, зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи хонандагону донишҷӯён, дар маҷмуъ насли наврас бетараф набошем, онҳоро барои омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан раҳнамун созем.

Имрӯз бо назардошти гузариш ба низоми байналмилалӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсил зарурати таҷдид намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба миён омадааст. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро вазифадор намуд, ки  бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа бо мақсади таҷдид ва таҳияи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъалаи таҷдиди назар намудани онҳоро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд.

Барои дар амал татбиқ намудани ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аллакай корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар айни замон кумита лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав таҳия намудааст, ки асоси заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ мебошанд.

Сарвари давлат барои амалӣ намудани ҳадафҳои имрӯзу фардои ин зинаҳои таҳсил ба рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти дастовардҳои ҷаҳонӣ таъкид намуда, масъалаи таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои касбомӯзии калонсолонро ба миён мегузоранд.

Бояд гуфт, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома ёфта, дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Хусусан, зиёд шудани маблағгузориро ба ин зинаҳои таҳсил метавон махсус таъкид кард. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 68,5 миллион сомонии соли 2019 ба 122 миллион сомонӣ дар соли 2024 ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 176,9 миллион сомонӣ дар соли 2019 ба 363,4 миллион  сомонӣ дар соли 2024 баробар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин муддат маблағгузории ин зинаҳои таҳсил зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Вусъати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани литсейҳои касбиву техникӣ ва филиалҳои маркази таълими калонсолон аз масъалаҳои дигаре аст, ки Президенти маҳбубамон дар ин суханронӣ таъкид намуданд. Бояд иброз намоем, ки кор дар ин самт аллакай шуруъ шуда, он идома дорад. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ давоми имсол  бо якчанд созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар шарикони рушд гуфтушунидҳо анҷом дода, зиёда аз 7 санади ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо ба тавсеаи ҳамкории муштарак мусоидат мекунад.

Ҳамзамон даъватҳои созанда ва хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ доир ба баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор, нақши омӯзгор дар ҳаёти ҷомеа, рисолати омӯзгор дар назди давлату миллат, расидан ба қадри заҳмати омӯзгор ва ниҳоят, дастури Пешвои миллат дар мавриди таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавзуи калидӣ дар суханронии пешниҳодгардида буданд. Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем». Ҳамаи ин таъкидҳо ва ҳидоятҳо кулли кормандони соҳаи маорифро руҳбаланд намуда, ба онҳо дар роҳи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат неруи тоза мебахшанд.

Дар тамоми суханрониҳо, паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо тамоми қишрҳои ҷомеа Президенти ҷумҳурӣ ҷавонони мамлакатро ба омӯхтани илму дониш, техникаву технология, забонҳои хориҷӣ даъват мекунанд ва дар ин суханронии пурмуҳтаво боз иброз доштанд, ки «фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад». Ин дастури Пешвои миллат бояд ба таври ҳамешагӣ нақшаи амал ва дурнамои фаъолияти наврасону ҷавонон, созандагони ояндаи шукуфои давлат бошад ва дар амалишавии ин супоришҳо, ки ба хотири имрӯзу фардои босаодати фарзандони миллат равона гардидаанд,  тамоми кормандони соҳаи маориф, аҳли ҷомеа, падару модарон ва мақомоти давлатӣ саҳм гузорем, дар ин роҳ заҳмат кашем, содиқона фаъолият намоем, мушкилоти мавҷударо бартараф созем ва рушди соҳаро, ки аз он рушди давлату миллат вобастагӣ дорад, таъмин намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба дастовардҳои кормандони ҷавони соҳаи мақомоти адлия ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Сангвор намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид
Байни табибони Тоҷикистон дар Эрон даври омӯзишӣ баргузор мешавад
КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд
Хонандагони муассисаи таълимии ноҳияи Шуғнон соҳиби толори муосири варзишӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон то аввали моҳи октябр беш аз 90 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст
ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ГАРМӢ. Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар Шаҳринав ҳамоиш оид ба тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Конгресси ҷарроҳони кӯдакони Осиёи Марказӣ доир шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Бо мақсади ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон дар пойтахт озмун идома дорад
«Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок намуданд