Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл» шинос шуданд ва барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд

Сентябрь 9, 2024 12:41

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуда, барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.

Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” дар масоҳати 8 ҳазору 906 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар сохтмони корхона аз маҳсулоти хушсифати ватанию хориҷӣ истифода шудааст.

Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.

Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири саноати дӯзандагӣ, аз ҷумла мошинаҳои дарздузӣ, гулзанӣ, техникаи буранда, технологияҳои компютерӣ, таҷҳизоти дарзмол муҷаҳҳаз гардидааст.

Бо истифода аз чунин таҷҳизоти замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти баландсифат кафолат дода мешавад. Ин аст, ки маҳсулоти корхона харидорони зиёд дорад ва бо якчанд ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории доимӣ менамояд.

Зимни муаррифии маҳсулоти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхона 500 мутахассиси маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши аз 1500 сомонӣ боло, нақлиёти махсуси хизматрасонӣ ва як вақт хӯрок таъмин мебошанд.

Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми ин корхонаро оғоз бахшиданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея дар масоҳати 8 906 метри мураббаъ бо харҷи 5 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст, бунёд карда шавад. Дар корҳои сохтмонӣ 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Пас аз анҷоми марҳилаи дуюми корхона барои боз 350 сокини маҳалӣ ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Марҳилаи дуюми корхона ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷиб тадбирҳои муҳимму саривақтӣ андешида ва ташаббусҳои созанда рӯйи даст гирифта мешаванд.

Бунёди корхонаҳои саноатӣ, ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо маоши хуб таъмин намудани аҳолӣ аз зумраи ҳамин табдирҳои судманд маҳсуб мешаванд.

Боздид аз корхонаи дӯзандагии Точикистону Корея ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм 09.09.2024

Сентябрь 9, 2024 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд