Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба наврасони ятим туҳфаҳо тақдим намуданд

Сентябрь 10, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, чун оини неки инсондӯстӣ ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сару либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба ӯҳда дорад ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон шароити заруриро муҳайё месозад. “Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки илм омӯзед, донишҳои замони муосирро аз худ намоед ва дар оянда фарзандвор ва содиқона ба Ватан ва мардуми кишвари худ хизмати шоиста намоед”, -таъкид доштанд Пешвои миллат.

Наврасону ҷавонони ятим бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳамеша бархӯрдоранд ва чунин дастгириҳо онҳоро водор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо касби илму донишҳои муосир мутахассисони варзида шаванд ва ба нафъи давлату мардум хизмат намоянд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, шахсан аз аҳволашон бохабар мешаванд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.

Тақдими туҳфаҳо ба наврасони ятим дар шаҳри Конибодом 10.09.2024

Сентябрь 10, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд