Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд

Сентябрь 9, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/.  8 сентябр Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бар асари тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолии паёпай, офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ сайёра ба мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Ба таъкиди Пешвои миллат, бинобар мушкилоти экологӣ, хусусан чор – панҷ соли охир авзои ҷаҳон торафт мураккабу печида гардида, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо мекунанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир ва мушкилоти гуфташуда ба Тоҷикистони азизи мо низ расида истодааст.

Ба андешаи Пешвои миллат, дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.

Сентябрь 9, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд