СИТРУСПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон парвариши мандарин бештар мегардад

Сентябрь 22, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи беҳтарини мандарин  парвариш меёбад, ки аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи  зироаткории ситрусӣ-субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории  Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хайриддин Аминов иброз намуд, аз ҷониби олимони кишоварзи тоҷик ду сол аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон меваи мандарин павариш мешавад, ки ҳосили хуб медиҳад.

«Дарахти мандарин бо роҳи пайванд, яъне аз навдаи дарахти лимӯ зиёд карда мешавад. Ин навъи мева бо роҳи тухмӣ низ парвариш карда мешавад, аммо ҳосили хуб намедиҳад. Дарахтони мандаринро дар гармхона ва хандакҳо парвариш намудан мумкин аст. Ин навъ мева  гармидӯст буда, ба хунукӣ  тобовар нест.  Ҳосили ин меваи ситрусӣ моҳҳои ноябр ва декабр ҷамъоварӣ мегардад. Ин дарахтон соле як маротиба ҳосил медиҳанд»,-гуфт Хайриддин Аминов.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши ин навъи мева мувофиқ мебошад. Инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Ҳисор низ барои парвариши меваи мандарин ва навъҳои дигари меваҳои ситрусӣ созгор мебошанд.

«Мо нақша дорем, ки бо роҳи пайванд намудан ниҳолҳои онро зиёд намуда, парвариши ин меваро дар мамлакат бештар намоем. Ба ин восита ҳам ҷойи кор муҳайё ва ҳам нархи он дар бозори истеъмолӣ дастрас мегардад»,-иброз дошт Хайриддин Аминов.

Иброз гардид, ки дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла мандарин бештар ба роҳ монда шудааст. Пойгоҳи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад.

Табибон иброз медоранд, ки мандарин манбаи витамини С аст. Инчунин он дорои унсурҳои фоиданок ва минералҳо мебошад. Мисли дигар меваҳои ситрусӣ мандарин аз витаминҳо ва нахҳо бой мебошад. Истеъмоли мандаринро табибон баъд аз таом тавсия медиҳанд, чунки он қобилияти ҳазм намудан дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд