СИТРУСПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон парвариши мандарин бештар мегардад
ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи беҳтарини мандарин парвариш меёбад, ки аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи зироаткории ситрусӣ-субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хайриддин Аминов иброз намуд, аз ҷониби олимони кишоварзи тоҷик ду сол аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон меваи мандарин павариш мешавад, ки ҳосили хуб медиҳад.
«Дарахти мандарин бо роҳи пайванд, яъне аз навдаи дарахти лимӯ зиёд карда мешавад. Ин навъи мева бо роҳи тухмӣ низ парвариш карда мешавад, аммо ҳосили хуб намедиҳад. Дарахтони мандаринро дар гармхона ва хандакҳо парвариш намудан мумкин аст. Ин навъ мева гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нест. Ҳосили ин меваи ситрусӣ моҳҳои ноябр ва декабр ҷамъоварӣ мегардад. Ин дарахтон соле як маротиба ҳосил медиҳанд»,-гуфт Хайриддин Аминов.
Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши ин навъи мева мувофиқ мебошад. Инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Ҳисор низ барои парвариши меваи мандарин ва навъҳои дигари меваҳои ситрусӣ созгор мебошанд.
«Мо нақша дорем, ки бо роҳи пайванд намудан ниҳолҳои онро зиёд намуда, парвариши ин меваро дар мамлакат бештар намоем. Ба ин восита ҳам ҷойи кор муҳайё ва ҳам нархи он дар бозори истеъмолӣ дастрас мегардад»,-иброз дошт Хайриддин Аминов.
Иброз гардид, ки дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла мандарин бештар ба роҳ монда шудааст. Пойгоҳи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад.
Табибон иброз медоранд, ки мандарин манбаи витамини С аст. Инчунин он дорои унсурҳои фоиданок ва минералҳо мебошад. Мисли дигар меваҳои ситрусӣ мандарин аз витаминҳо ва нахҳо бой мебошад. Истеъмоли мандаринро табибон баъд аз таом тавсия медиҳанд, чунки он қобилияти ҳазм намудан дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






