ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1636 яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- Гарвард таъсис дода шуд.
***
8 сентябри соли 1905 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
8 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалии «Саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
***
17 сол қабл, дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукуҳ ба ифтихори 16-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 800-солагии зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханронӣ намуданд.
***
Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо гузоштанд.
***
8 сентябри соли 2009 дар ноҳияи Варзоб зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» ба истифода дода шуд.
***
10 сол пеш, 8 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
8 сентябри соли 2014 масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, сайёҳӣ, технология, энергетика ва фарҳанг баррасӣ гардид.
***
9 сол пеш, 8 сентябри соли 2015 маҷаллаи мисрии «Diplomacy» дар шумораи навбатӣ мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро бо сармуҳаррири маҷалла Абдулҳай Мухтор чоп намуд. Дар мусоҳиба сафири давлати мо ба пурсишҳои сармуҳаррири маҷалла дар бораи таърих, вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми нашрия посух дод.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар толори бузурги «Кохи Борбад» ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
8 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 3 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.
8 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистӣ.
***
Рӯзи байналмилалии саводнокӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи мутахассисони корҳои молия.
***
Дар Македония – Рӯзи истиқлолият.