Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд

Сентябрь 10, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ, ки аз 9 то 11 сентябр дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин  баргузор мегардад, ҷаласаи якуми вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.

Масъалаҳои ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани роҳҳои нави ҳамкорӣ, коркарди механизмҳои нави самарабахш оид ба ҳамкории васеъ ва дигар мавзуъҳои мубрам зимни форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид